Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҷлили Мавлуди Исои Масеҳ


Бахши аъзами масеҳиёни дунё ба таҷлили Мавлуди Исои Масеҳ шурӯъ кардаанд. Дирӯз ҳазорон нафар дар майдони Маҳди шаҳри Байтуллаҳм дар сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдун гирди ҳам омаданд. Байтуллаҳм зодгоҳи паёмбари дини масеҳӣ дониста мешавад. Попи калисои католикии Рум Бенедикти 16 дар Ватикан намози арафаи Мавлуди Масеҳро раҳбарӣ кард ва дунёро ба сӯи сулҳ хонд. Ба фарқ аз католикҳову протестантҳо, пайравони мазҳаби православӣ Мавлуди Масеҳро 6 январ ҷашн мегиранд.
XS
SM
MD
LG