Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзуна Чориева беҳтарин варзишгари соли 2012


Мавзуна Чориева
Мавзуна Чориева
Ҳафтавори “Варзиш-Спорт” исми беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2012-ро эълон кард. Коршиносони нашрия муштзан Мавзуна Чориеваро, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон соҳиби нишони биринҷӣ шуд, беҳтарин донистаанд. Вале хонандагони “Варзиш-Спорт” қаҳрамони Осиё дар варзиши таеквондо Парвизи Муродзодаро дар ҷои аввал гузоштаанд. Қаҳрамони теаэквондои ҷаҳон Илҳом Одинаев беҳтарин варзишгари ҷавони сол ва бозигари тими “Истиқлол” Дилшод Восиев беҳтарин футболбози соли Тоҷикистон эълон шуданд. Аммо хонандагони нашрия Исроил Идиев аз “Хайр”-и Ваҳдатро беҳтарин футболбози сол донистаанд.
XS
SM
MD
LG