Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Силоҳи химиявии Сурия зери назорат аст


 Сергей Лавров
Сергей Лавров
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, дар ҳоли ҳозир силоҳи химиявии Сурия зери назорати ҳукумати ин кишвар қарор дорад. Ин суханонро Лавров рӯзи ҷумъа баъди мулоқоти раҳбарони Русия ва Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст. Ба қавли Лавров дар ҷанги Сурия кадом яке аз тарафҳо пирӯз нахоҳад шуд ва президенти Сурия Башор ал-Асад ҳатто дар зери фишори Маскав ва Пекин ба истеъфо нахоҳад рафт. Лавров бар ин назар аст, ки сарпарастони ғарбии мухолифини Сурия назорат болои онҳоро аз даст медиҳанд. Ӯ афзуд, эҳтимол то охири соли равон фиристодаи СММ дар умури Сурия Лахзар Иброҳимӣ аз Маскав зиёрат кунад.
XS
SM
MD
LG