Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои бизнеси Тоҷикистон эълон шуданд


Бегоҳии рӯзи ҷумъаи 21-уми декабр, тайи як маҳфили бошукӯҳ дар Кохи «Душанбе-Плаза», беҳтаринҳои бизнеси Тоҷикистон эълон шуданд.

Анҷумани миллии мудирон ва бозорёбони (маркетолог) Тоҷикистон, ки аз мубтакирони ин озмун аст, беҳтаринҳои бизнеси Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Ба даҳгонаи беҳтарини элитаи бизнеси Тоҷикистон Нуринисо Рустамова, Искандари Ҳодисаид, Шералишоҳ Кабиров, Маҳмадалӣ Одинаев, Сафаралӣ Саидов, Зайд Саидов, Нуралӣ Ниёзов, Тоҷиддин Пиров, Игор Мухторов ва Беҳзод Файзуллоев шомил шуданд.

Анҷумани миллии мудирон ва бозорёбони (маркетолог) Тоҷикистон, ба манзури мушаххас кардани нухбагони тиҷорати Тоҷикистон, дар авоили моҳи ноябр тасмим гирифта буд дар як озмун ширкатҳо ва ҳам мудирони беҳтаринро маълум кунад.
Барои иштирок дар ин сабқат, 21 ширкат ва 10 менеҷер дархост фиристода буданд.

Ин озмун бо ширкати соҳибкорони маъруф, дар ҳоле баргузор мешавад, ки то имрӯз аксарияти тоҷирони муваффақи кишвар, маъмулан аз расонаӣ шудани фаъолиятҳояшон парҳез мекунанд. Аз ҷумла, ба хотири таъмини амнияти бизнеси худ ва ҳам баҳона надодан ба мақомоти сершумори назоратӣ, ки бори дигар дари ширкаташонро накӯбанд.

Ширкатҳо ва менеҷероне, ки барои соҳиб шудан ба унвони бизнеси элитаи кишвар ва ҳам соҳибкорони беҳтарин рақобат карданд, мехоҳанд тавассути ин озмун фаъолияти худро таблиғ ва доираи муштариёни худро бештар кунанд.
XS
SM
MD
LG