Президенти Русия Владимир Путин аз лоиҳаи қонуне, ки фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрикоро манъ мекунад, шартан пуштибонӣ намуд. Лоиҳаи ин қонунро Думаи давлатии Русия дар қироати аввал тасвиб кардааст. Дар аввалин нишасти муфассали даври сеюми президентӣ Путин гуфт, Думаи давлатӣ ба ИМА ҷавоби пурэҳсос, вале муносиб додааст. Қонуни Русия дар ҷавоб ба Қонуни Магнисткий қабул мешавад.
Бар пояи Қонуни Магнитский мансабдорони Русия, ки дар поймол намудани ҳуқуқи башар нақш доранд, мавриди таҳрими ИМА қарор мегиранд. Путин мегӯяд, ин қонун равобити миёни ду кишварро заҳролуд мекунад:
“Амрикоиҳо як қонуни зиддишӯравиро бо қонуни зиддирусӣ табдил карданд. Ҳеҷ аз гузашта дур намешаванд. Ин хеле бад аст. Табиатан он равобити моро заҳролуд мекунад.”
Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Барак Обама Қонуни Магнитскийро имзо кард. Вале Путин мегӯяд, қабл аз имзои ниҳоии санад ӯ бояд як бори дигар лаҳни қонуни манъи фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи амрикоиҳоро аз назар гузаронад.