Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, моҷаро миёни қарзгиру қарздеҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо куштор анҷом ёфтааст.
Дафтари матуботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки кормандони умури дохилии ноҳияи Рудакӣ, 30 километрии ҷануби шаҳри Душанбе, Сангалӣ Шарифов, сокини ноҳияи Ваҳдатро, рӯзи чоршанбе, 19-уми декабр, барои қатли як сокини ноҳия Рудакӣ боздошт намудаанд.
Маҳмудулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ, кормандони умури дохилӣ маълум кардаанд, ки Шарипов Сангалӣ дар ҳолати сархушӣ барои пас гирифтани 2500 доллар қарзи худ аз Ҷонмаҳмад Каримов, сокини деҳаи Мавлавии ноҳияи Рӯдакӣ, тақрибан дар соати 21 : 00-и шаб, ӯро ба саҳрои назди деҳа мебарад. Аммо Ҷонмаҳмад Каримов имкони баргардондани қарзро надоштааст ва аз ин рӯ Сангалӣ Шарифов, ӯро мушту лагадкорӣ карда, бо санг дар сараш мезанад. Дар натиҷаи латту кӯб Ҷонмаҳмад Каримов ба ҳалокат мерасад.
Ҳоло шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Рудакӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст ва тафтишот идома дорад.