Бино бар хабарҳо, раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ, сактаи дил шуда, ҳоло дар бемористон зери назари пизишкон аст. Дар баёнияе, ки торнамои раисиҷумҳури Ироқ ба нашр расондааст, гуфта мешавад, вазъи ӯ “муътадил” аст ва пас аз мудохилаи духтурон фаъолияти “аъзои баданаш ба ҳолати одӣ” баргаштааст. Тибқи хабарҳои аввал, Толибонии 79-сола субҳи рӯзи душанбеи 18-уми декабр ба таври таъҷилӣ ба бемористон интиқол дода шуд. Ин дар ҳолест, ки президенти Ироқ дар соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳида ҷарроҳии дил шуда ва пеш аз он дар Урдун аз “хушкии бадан ва хастагии шадид” табобат шудааст. Толибонӣ бунёдгузори яке аз ҳизбҳои асосии курдҳои Ироқ аввалин президенти ғайриараби Ироқ аст, ки соли 2005 ба қудрат расид. Мақоми расёатҷумҳурӣ дар Ироқ як вазифаи бештар ташрифотист, ҳарчанд бино бар қонуни асосии Ироқ аз салоҳиятҳои муайян бархӯрдор аст.