Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Понта бори дигар сарвазири Руминия таъйин шуд


Виктор Понта
Виктор Понта
Президенти Руминия Траян Басеску рақиби сиёсиаш Виктор Понтаро бори дигар сарвазири ин кишвар таъйин кард. Ин фармон, ки имрӯз содир шудааст, бояд ташаннуҷ миёни ду сиёсатмадори Руминияро аз байн барад. Моҳи июл эътилофи чапгарои зери раҳбарии Понта бо ҳадафи барканорсозии Басеску назархоҳии умумирмардумӣ ташкил кард, вале аз сабаби иштироки сусти раъйдиҳандагон назархоҳӣ ноком шуд. Иттиҳодияи Аврупо он кӯшиши барнорсозии Басеску ва ҳамроҳ бо он кӯшиши коҳиши салоҳияти ҳукми додгоҳро таҳдид ба демократия ва ҳокимияти қонун номида буд. Баъди назархоҳӣ Басеску гуфта буд, ки аз ин ба баъд ҳеҷ гоҳ Понтаро сарвазир таъйин нахоҳад кард. Дар интихоботи парламентии нуҳуми декабр эътилофи чапгаро бо 60 дар сади раъйҳо пирӯз шуд ва Басеску маҷбур шуд Понтаро дар мақоми сарвазир тасдиқ кунад. Акнун Понта метавонад аз номи кишвараш бо Сандуқи байналмилалии пул барои гирифтани қарз музокирот пеш бурда, сармоягузоронро ором намояд.
XS
SM
MD
LG