Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хунрезӣ дар як шаҳри Қазоқистон як сол гузашт


Фаъолони мухолифи давлати Қазоқистон имрӯз ёди қурбониёни нооромиҳои шаҳри Жанаозенро гиромӣ медоранд, ки як сол пеш ба вуқӯъ пайваста буд. Дар рӯзи ҷашни истиқлолияти Қазоқистон дар рӯзи 16 декабри соли 2011 дар даргирӣ миёни сокинони ин шаҳр ва маъмурони пулис, дасти кам 16 нафар кушта ва бештар аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Даҳҳо нафар аз фаъолони мухолифин рӯзи якшанбе дар назди пайкараи истиқлолият дар шаҳри Алмаато гирд омада ва дар назди он ба хотири қурбониёни ҳодиса гул гузоштанд. Маъмурони пулис дар ин маҳалл ҳозир буданд, вале ба кори онҳо мудохила накарданд. Маросими шабеҳ дар дигар шаҳрҳои Қазоқистон, аз ҷумла пойтахт шаҳри Остона баргузор шудааст. Хунрезӣ дар шаҳри Жанаозен, баъди коршиканиву тазоҳуроти пайвастаи коргарони як ширкати нафтӣ ба вуқӯъ пайваст. Баъди ин нооромиҳо, саркӯби мухолифони давлат ва матбуоти мустақил дар Қазоқистон шиддат гирифт.
XS
SM
MD
LG