Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср раъйпурсии "ҷанҷолӣ" шурӯъ шуд


Дар Миср раъйпурсӣ дар мавриди тарҳи Қонуни Асосӣ шурӯъ шуд, ки ба эътиқоди раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ ва исломгароёни ҳаводори ӯ Мисрро ба демократия наздиктар хоҳад кард. Аммо ҳалқаҳои озодандеш, дунёявӣ ва масеҳиёни Миср мегӯянд, ки тарҳи мазкур беш аз ҳад исломист ва ҳуқуқи баробарро барои ҳама кафолат надодааст. Дар даври аввали раъйпурсӣ, қарор аст 26 миллион нафар раъй диҳанд ва 25 миллион нафари дигар ин корро ҳафтаи оянда хоҳанд кард. Раъйпурсии умумӣ дар Миср рӯзи шанбе дар 10 вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Қоҳираву Искандария баргузор мешавад. Рӯзи ҷумъа, дар Искандария тарафдорон ва мухолифони Муҳаммадр Мурсӣ бо калтаку теғу шамшер ба ҳам дарафтоданд. Тарҳи Қонуни Асосӣ ва дастури Муҳаммад Мурсӣ барои таммаркузи қудрат дар дасташ, дар Миср бӯҳрони сиёсиеро барангехт, ки баъди суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак дар ду соли пеш то кунун мушоҳида нашуда буд.
XS
SM
MD
LG