Ҳукумати Сурия гузоришҳо дар бораи истифода аз мушакҳои Скад бар зидди мухолифинашро такзиб кардааст. Рӯзи панҷшанбе як мақоми вазорати корҳои хориҷии Сурия гуфт, ки ин гузориш “овозаи беасос” аст. Ӯ афзудааст, ки ҳадаф аз ин гуна гузоришҳо бадном кардани Сурия мебошад. Рӯзи чоршанбе ИМА ва паймони НАТО нерӯҳои вафодор ба президенти Сурия Башор ал-Асадро бо истифодаи мушакҳои Скад дар манотиқи шимолии таҳти назорати мухолифин муттаҳам карда буданд. Дар ҳамин ҳол ошӯбгарони Сурия изҳороти муовини вазири корҳои хориҷии Русияро, ки ояндаи режими Башор ал-Асадро таҳти суол қарор медиҳад, хуш пазироӣ кардаанд.