Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи ҷаҳонӣ рафтори Куриёи Шимолиро маҳкум кард


Ҷомеаи байналмилалӣ, Куриёи Шимолиро барои партоби мушак ба фазо маҳкум кард. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки рӯзи чаҳоршанбе бо ин мушак як моҳвораи ҳавосанҷиро ба мадори Замин фиристоданд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъйид кард, ки дар мадори Замин як абзоре қарор гирифтааст. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, партоби мушак аз тарафи Куриёи Шимолиро “нақзи ошкори” қатъномаҳои Созмони Милал хонд. Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, ва Амрико ҳам амалкарди Куриёи Шимолиро маҳкум намуданд, зеро он кишвар ҳаққи озмоиши мушакҳои дурбурдро надорад. Русия ва Чин аз ин иқдоми Куриёи Шимолӣ ибрози таассуф кардаанд. Ба гуфтаи дипломатҳо, интизор меравад, Шӯрои Амният дар ин замина ҳамин рӯз як нишасти изтирорӣ баргузор кунад. Бисёриҳо бовар доранд, ки Куриёи Шимолӣ партоби мушак ба фазоро барои сохти мушакҳои дурбурди ҳомили кулоҳакҳои ҳастаӣ истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG