Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба «Қонуни молияи давлатӣ», ихтиёри сарфу харҷи маблағи Фонди захиравии ҳукуматҳои маҳаллиро, ба шахси раиси ноҳия ва вилоятҳо вогузошт. Ба иттилои хабарнигори парлумонии «Озодӣ», дар Иҷлосияи навбатии Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 12 декабр бо пешниҳоди ҳукуматҳои навоҳӣ ва вилоятҳо дар тарҳи қонун «дар бораи молияи давлатии Тоҷикистон» дигаргунӣ ворид карда шуд ва ҳуқуқи истифода аз маблағи Фонди захиравӣ барои ҳодисаҳои фавқулодда, аз ҷумла пешгириӣ аз обхезиву тармахезӣ ва бартараф кардани паёмади заминларза, ба ихтиёри шахси раиси ноҳия гузошта шуд.
То кунун танзими сарфи маблағи Фонди захиравии ҳукуматҳои навоҳӣ ба ихтиёри ҳукуматҳои ҳамин ноҳияҳо буд ва мақомоти дигари ҳукумат ба ҷуз раис дар тасмимгириҳо ширкат мекарданд, аммо акнун раиси ноҳия дар танҳоӣ метавонад аз ин маблағ истифода кунад. Мувофиқи тағйирот дар ин қонун, пас аз сарфи Фонди захиравӣ, раиси ноҳия бояд ба ҳукумати зертобеаш санадҳои зарурии истифода аз маблағи Фондро пешниҳод кунад.
То кунун дар Тоҷикистон танҳо президенти кишвар ҳуқуқи истифода аз Фонди захиравии назди ҳукумати кишварро дошт ва акнун тибқи ин таъйирот, раисони ҳамаи вилояту навоҳи ҳуқуқи пайдо карданд, ки шахсан аз маблағи Фонди захиравӣ барои ҳолатҳои зарурӣ тасмимгирӣ кунанд. Маблағе ки ба ин Фондҳо ҷудо карда мешавад аз ҳисоби будҷаи кишвар мебошад.