Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони Русия аз Озарбойҷон берун мешаванд


 Даромадгоҳи пойгоҳи Қабалаи Озарбойҷон
Даромадгоҳи пойгоҳи Қабалаи Озарбойҷон
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон мегӯяд, қарордоди ин кишвар бо Русия дар мавриди истифодаи пойгоҳи радарӣ ба поён расид ва Маскав возеҳ намуд, ки хоҳиш надорад истифодаи онро идома диҳад.
Қарордоди истифодаи пойгоҳи огаҳии пешакӣ бо номи Қабала дар таърихи нуҳуми декабри соли 2012-ум хотима ёфт. Ин охирин пойгоҳи Русия дар Озарбойҷон буд, ки дар он 1000 низомии рус ва тахминан 500 ходими озарӣ ифои вазифа мекарданд. Низоми радарии ин пойгоҳ имкон дорад, масофаи 6 ҳазор километрро назорат кунад. Мансабдорони ду кишвар аз соли 2011-ум шароити тамдиди пойгоҳро баррасӣ мекарданд, вале тибқи ахбори расида Маскав тақозои Озарбойҷон дар масъалаи боло бардоштани ҳаққи истифодаи пойгоҳро напазируфт. Ба навиштаи хабаругзории Интерфакси Русия дар қарордод пешбинӣ мешуд, ки Маскав солона 7 миллион долларо барои истифодаи пойгоҳ пардохт мекунад, вале ҷониби озарӣ талаб кардааст, ки Русия солона 150 миллион доллар пардозад.
XS
SM
MD
LG