Ошӯбгарони Сурия баъзе бахшҳои стратегии як пойгоҳи низомӣ дар шимоли вилояти Ҳалабро ишғол намудаанд. Ба қавли фаъолони мухолифини ҳукумати Сурия ишғоли ин пойгоҳ имкон медиҳад, ки онҳо назорати манотиқи наздик ба марзи Сурия бо Туркияро таҳким бахшанд. Феълан нерӯҳои ҳукумат ва мухолифин барои назорати бузургтарин шаҳри ин кишвар-Ҳалаб мубориза мебаранд. Иттиҳодияи Аврупо низоъ дар Сурияро маҳкум кардааст. Рӯзи душанбе ҳангоми гирифтани ҷоизаи сулҳи Нобел раиси Комиссияи Аврупо Жозе Мануэл Баррозу низоъ дар Сурияро доғе дар шуури аҳли олам номид. Ӯ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияти ахлоқӣ дорад, ки ин низоъро ҳаллу фасл намояд. Рӯзҳои ахир ошӯбгарон пешрафтҳои тактикӣ намуда, чанд пойгоҳи ҳавоӣ дар атрофи шаҳрҳои Димашқ ва Ҳалабро ишғол кардаанд.