Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳангоми раҳоии табиб як сарбози амрикоӣ кушта шуд


Қасри Сафед мегӯяд, дар амалиёти раҳоии табиби гаравгони амрикоӣ аз асорати Толибон як сарбоз ҳалок шудааст. Дар изҳороти Қасри Сафед гуфта мешавад, ки нафари фавтида дар нерӯҳои таъйиноти махсус ифои вазифа мекард. Ба қавли нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон , ки таҳти фармони паймони НАТО қарор доранд, иттилои иктишофӣ аз он шаҳодат медод, ки ба доктор Дилип Ҷозеф бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ буда, ба ӯ ҷароҳат ва ё марг таҳдид мекунад. Ба гуфти мансабдорон дар ин амалиёт, ки субҳи якшанбе доир шуд, камаш 7 толиби силоҳбадаст кушта шуданд. Толибон Ҷозефро 5-уми декабр дар ноҳияи Суробии вилояти Кобул рабуда буданд.
XS
SM
MD
LG