Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи эътирозгарон ба консулгарии Эрон дар Ҳирот


Рӯзи якшанбе даҳҳо нафар аз эътирозгарон дар шаҳри Ҳироти Афғонистон, ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамла карданд.

Ин афрод, ки гуфта мешавад шумораи онҳо ба беш аз сад нафар мерасад, дар эътироз ба кушта шудани сездаҳ ҷавони афғон, ки ба гуфтаи онҳо ҳудуди се моҳ қабл аз сӯи мақомоти Эрон дар марзи он кишвар кушта шуданд, даст ба эътироз задаанд.

Ба гуфтаи эътирозгарон, ин ҷавонон ҳудуди се моҳ қабл барои кор ба Эрон рафта ва аз он замон то кунун нопадид ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо, ин афрод аз сӯи нерӯҳои Эрон кушта шудаанд.

Хабарнигори Радиои Афғонистон Озод дар Ҳирот мегӯяд, ин афрод дар атрофи консулгарии Эрон ҷамъ омада ва ба сӯи бинои он санг партоб намуда ва парчамҳои консулгариро пора карданд.

Гузориш шудааст, ки онҳо бо сар додани шиорҳо алайҳи Эрон, он кишварро «бузургтарин душмани афғонҳо» хондаанд.

Тазоҳуркунандагон ҳушдор додаанд, ки агар ҳукумати Афғонистон ба хостаҳои онҳо, ки таҳқиқ дар мавриди ин қазия ва дарёфти ҷасадҳои ин афрод аст, бетаваҷҷуҳӣ намояд, "ба ҳеҷ эронӣ дар Афғонистон раҳм нахоҳанд кард."

Гуфта мешавад, ки нерӯҳои амниятии афғони ба хотири пароканда намудани ҷамъомадагон, ба ҳаво тир холӣ намудаанд.
XS
SM
MD
LG