Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллифи Gangham Style аз амрикоиҳо узр хост


Овозхон аз Кореяи Ҷанубӣ Пак Чэ Сан, ки тавассути клипи видеоии Gangham Style машҳур шуд, барои аъмолу гуфтаҳои зиддиамрикояш тайи даҳ соли ахир узр хост. Изҳороти ӯ дар арафаи консерташ дар Вошингтон садо дод, ки қарор аст фардо бо ҳузури раисиҷумҳури ИМА Барак Обама баргузор шавад.

Соли 2002 Пак Чэ Сан ба нишони эътироз алайҳи ҳалокати ду навраси кореягӣ аз зарбаи мошини низомиёни ИМА тарҳи тонки амрикоиро шикаст. Ду сол баъд ӯ дар як таронааш ба куштани амрикоиҳое даъват намуд, ки “асирони ироқиро шиканҷа кардаанд”.

Овозхони маъруф гуфт, амалу гуфтаҳояш ҳамовозӣ ба маъракаҳои зиддиҷангӣ буд, ки миллионҳо сокинони гӯшаҳои гуногуни сайёраро фаро гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG