Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркин:"Казбекро барои фаъолияти хабарнигорияш куштаанд"


Хабарнигори бахши телевизиони ВГТРК-и Русия дар ҷумҳурии Қабардину Балқар Казбек Геккиев дар зодгоҳаш деҳаи Жанхотеко макони охират пайдо хоҳад кард. Ӯ шоми дирӯз дар шаҳри Налчик бар асари сӯиқасд кушта шуд.

Ангезаи асосии куштори Казбек Геккиев фаъолияти хабарнигории ӯ унвон шудааст. Инро намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин ба хабаргузории Интерфакс тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, “ин куштор таҳдид ба хабарнигоронест, ки дар бораи натиҷаҳои мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ гузориш медиҳанд”.

Ҳамкорони Казбек Геккиев ба мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки ҳангоми пахши барномаҳои мустақим афроди ношинос ба ӯ таҳдиди куштан мекарданд.
XS
SM
MD
LG