Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, шумораи афроде, ки бо иваз намудани ҷои истиқомат аз Тоҷикистон кӯчида рафтаанд, сол ба сол бештар мешавад ва танҳо тайи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 29 ҳазору 958 нафарро ташкил додааст. Ба ин тартиб, ба ҳисоби миёни ҳамарӯза 82 нафар аз кишвар берун мешавад. Тибқи иттилои ин манбаъ, шумораи афроде, ки ба Тоҷиистон кӯчида меоянд, дар як рӯз 66 нафарро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, тайи моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 24 ҳазору 283 нафар ба Тоҷикистон кӯч бастаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, аз ҳисоби муҳоҷират танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, аҳолии ҷумҳурӣ 5 ҳазор 675 нафар коҳиш ёфтааст. Масъулини Оҷонсии омор шумораи муҳоҷиронеро, ки соли гузашта Тоҷикистонро бо иваз намудани ҷои истиқомат тарк кардаанд, 5 ҳазору 628 нафар арзёбӣ мекунанд, ки нисбати соли пешӣ бештар мебошад. Тибқи иттилои ғайри расмӣ, ҳамакнун беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд, ки Русия ва Қазоқистон мизбони аксари онҳо мебошанд.