Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси масҷид барои ҳамҷинсгароён дар Фаронса


Яке аз мудофеони ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар Фаронса, аз таъсиси масҷиде «мустақил» барои «тамоми мусалмонони фориғ аз гароиши ҷинсияшон», хабар додааст.

Таъсиси масҷиди ёдшуда аз оғози кор бо мухолифати шадиди бархе раҳбарони мусалмон рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Муҳаммад Зоҳид, шахсе ки ин масҷидро барои ҳамҷинсгароён таъсис додаст, фаронсавии алҷазоирӣ табор мебошад ва масҷиди худро бо кӯмаки дигар мудофеони ҳуқуқи ҳамҷинсгароён ва як роҳиби буддоӣ, бунёд кардааст.

Ин масҷид нахустин масҷиди ҳамҷинсгароён дар Фаронса мебошад ва то ба ҳол танҳо бо истифода аз утоқҳои нисбатан хурд, мусалмононеро бо гароишҳои мутафовити ҷинсӣ, барои баргузории намози ҷумъа дар ин макон ҷазб кардааст.

Муҳаммад Зоҳид мегӯяд, ин масҷид маконе амн барои ҳамагон аст ва қадами ҳар мусалмон ва дигар афрод дар инҷо муборак аст. Вай мегӯяд, "ҳар кас ки мехоҳад лаҳзае аз маънавияти асилро тарҷиба кунад, ба инҷо биояд ва дар баробари он андешаҳои амиқи худро дар бораи масоили рӯзмарра ва зиндагии мусалмонони Фаронса бо дигарон матраҳ кунад. Дар дигар масҷидҳо чунин чизе нест ва сӯҳбати озод вуҷуд надорад.»

Таъсиси масҷид барои ҳамҷинсгароён дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Пештар Муҳаммад Зоҳид ба масҷиди ҷомеи Порис рафту омад дошт. Ҷое, ки ҳазорон тан аз мусалмонони дигар барои адои намоз мераванд. Аммо ӯ имрӯз мегӯяд, ки масҷиди хурди ӯ фазои амнтаре барои он даста аз мусалмононе фароҳам овардааст, ки эҳсос мекунанд дар ин ҷомеа ба ҳошия ронда шудаанд.
Зоҳид мегӯяд, то кунун таҳдидҳоеро дарёфт кардааст ва бинобар ҳамин аз эълони макони масҷид худдорӣ менамояд.

Дар муқобил Далел Абубакр, имоми масҷиди Порис эълон кардааст, ки " ин иқдом хориҷ аз чаҳорчӯби ҷомеаи мусалмонӣ сурат гирифта ва ба он маъност, ки Зоҳид узве аз ин ҷомеа шумурда нахоҳад шуд. Зеро бар асосе поягузорӣ шудааст, ки дар дини мо маҳкум аст."

Бо ин ҳама Муҳаммад Зоҳид мегӯяд, мусалмонони дигарандеши Фаронса ба тадриҷ ба масҷиди ӯ ҷазб мешаванд ва аъзои масҷид аз «шаш нафари дар оғози кор ба беш аз 300 нафар расидааст.»
XS
SM
MD
LG