Футболбози маъруф Дэвид Бекҳэм бо дастаи амрикоии “Лос-Анҷелес Галаксӣ” падруд мегӯяд. Дар бозии ахире, ки дар он Бекҳэм ширкат дошт, “Лос-Анҷелес Галаксӣ” дастаи “Ҳюстон Динамо”-ро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб кард ва бори дигар ба дарёфти Ҷоми Лигаи асосии футболи Амрико муваффақ шуд. Дэвид Бекҳэм панҷуним сол узви ин даста буд.
То ҳол маълум нест, ки баъд аз падруд бо “Лос-Анҷелес Галаксӣ” Бекҳэм дар кадом даста бозӣ хоҳад кард. Дастаҳои футболи Австралия, Амрикои ҷанубӣ ва Осиё аллакай талабгори ин футболбози маъруф шудаанд.Бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки Бекҳэм шояд мавсими оянда дар ҳайати дастаи “Монако” бозӣ кунад – ин даста ҳоло дар садри лигаи дуввуми чемпионати Фаронса қарор дорад.
Аз ин пеш Дэвид Бекҳэм гуфта буд, ки ба ватанаш Бритониё баргаштанӣ нест, зеро ба ҷуз “Манчестер Юнайтед” дар ягон дастаи дигар бозӣ карда намехоҳад.