Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил пули андози фаластиниҳоро нигоҳ медорад


Кобинаи вазирони Исроил имрӯз гуфт, беш аз 100 миллион доллар андозу пардохтҳоеро, ки Исроил аз номи ташкилоти худгарони Фаластин ҷамъ кардааст, боз хоҳад дошт. Ин иқдом муҷозоти комёбии ахири ташкилоти худгардон аст, ки 3 рӯз пеш мақомашро ба СММ то ҳадди кишвари ғайриузв” боло бурд. Кобинаи Исроил ҳамчунин қарореро тасвиб кард, ки мегӯяд, музокирот бо ташкилоти худгардонро бар асоси эътирофи ғайримустақими Маҷмаъи умумии СММ аз Фаластин бо шумули сарзаминҳои каронаи бохтарии рӯди Урдун, навори Ғаза ва Байтулмуқаддаси шарқӣ пеш нахоҳад бурд. Вазири молияи Исроил Ювал Стейнитс гуфт, пули андози ҷумъшуда барои пардохти қарзи ташкилоти худгардон аз ширкати барқ ва идороти дигари Исроил истифода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG