Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Миср барои қабули Қонуни асосӣ ҷамъ омад


Парлумони Миср имрӯз барои қабули Қонуни асосии нави кишвар ҷамъ омад.Тарҳи он фақат шоми рӯзи чаҳоршанбе комилан ҳамоҳанг карда шуд.

Қарор аст, ки вакилони парлумон барои ҳар яке аз 234 банди Қонуни асосӣ дар алоҳидагӣ раъй диҳанд. Баъд аз он парлумон тарҳи Қонуни асосӣ барои имзо ба раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ мефиристад. Раисиҷумҳур, дар навбати худ, тарҳро барои баррасӣ ба референдуми умумимиллӣ мегузорад.

Дар ҳамин ҳол дар Миср эътирозҳо алайҳи аз салоҳиятҳои бештар бархурдор шудани Муҳаммад Мурсӣ ва бархӯрдҳои эътирозгарону полис идома доранд.

Нооромиҳо дар Миср баъд аз он шурӯъ шуданд, ки як ҳафта пеш Муҳаммад Мурсӣ бо нашри эъломияи конститутсионӣ ваколатҳои бештарро дар ихтиёр гирифт.

Эътирозгарон талаб доранд, ки раисиҷумҳур эъломияро бекор кунад. То имрӯз бар асари эътирозҳои нав дар Қоҳира дасти кам ду нафар кушта шуда, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG