Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳейг сарвазири пешини Косоворо сафед кард


Додгоҳи низомии СММ дар Ҳейг имрӯз нахуствазири пешини Косово Рамуш Ҳарадинаҷро сафед кард.

Ҳаринаҷ дар ҷиноёти низомӣ замони ҷанг дар Косово дар охирҳои солҳои 90-уми қарни гузашта муттаҳам мешуд. Ҳамроҳ бо ӯ Идрис Балаҷ ва Лаҳӣ Бриҳимаҷ низ аз муҷозот раҳо ёфтанд. Ҳарсеи онҳо дар куштори шиканҷаи сербҳо замони муборизаи албаниҳои муқими Косово барои истиқлолият аз Сербия дар солҳои 1998 ва 1999 айбдор мешуданд. Ҳарадинаҷ, Балаҷ ва Браҳимаҷ иттиҳомро рад кардаанд.

Дар мурофиаи додгоҳии аввал, ки чаҳор сол пеш дар Додгоҳи байнулмиллии ҷиноёти низомӣ оид ба Югославияи собиқ баргузор шуда буд, Ҳарадинаҷ ва Балаҷ сафед карда шуданд ва Браҳимаҷ барои шаш сол равонаи зиндон шуда буд.
XS
SM
MD
LG