Мақомоти Кореяи ҷанубӣ мехоҳанд Ҷилл Келлиро аз мақоми консули фахрӣ барканор кунанд. Сеул ин тасмимро бо вориди моҷарои истеъфои раиси Хадамоти марказии кашфи ИМА Дэвид Петреус будани хонум Келлӣ рабт додааст Ҷилл Келлӣ моҳи августи соли равон консули фахрӣ дар Сеул таъин шуд.
Намояндаи вазорати умури хориҷии Кореяи ҷанубӣ изҳор намуд, ки ҳама корҳои марбут ба истеъфо анҷом дода хоҳанд шуд, зеро баъд аз ин моҷаро хонум Келлӣ наметавонад ин мақомро ишғол кунад. Дирӯз расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки Келлӣ мехост аз ин мақоми консули фахрӣ бо ғаразҳои шахсӣ истифода намояд.
Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки Ҷилл Келлӣ дар бораи аз Паула Бродуэлл номаҳои таҳдидомез гирифтанаш ба Бюрои федеролии тафтишоти ИМА шикоят карда буд. Баъдан робитаҳои маҳрамонаи Бродуэлл бо раиси Хадамоти марказии кашф Дэвид Петреус ошкор гардид, ки ба думболаш Петреус ба истеъфо рафт.
Ҷилл Келлӣ ҳамчунин бо фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон Ҷон Аллен мукотибаи маҳрамона дошт.