Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бжезинский ҳамла ба Эронро "ғайримасъулона" мешуморад


Збигнев Бжезинский
Збигнев Бжезинский
Збигнев Бжезинский-мушовири пешини амнияти миллии Амрико мегӯяд, ҳамла ба Эрон “амали комилан ғайримасъулона” ва “амали билқувваи шадидан ғайриахлоқӣ” хоҳад буд, агар Амрико ба чунин кор даст занад.

Оқои Бжезинский ин суханонро рӯзи душанбе дар Вошингтон дар ҳамоише изҳор дошт, ки Шӯрои миллии Амрикову Эрон ва Анҷумани назорат бар аслиҳа созмон дода буданд.

Ин мақоми баландпояи пешини Амрико гуфт, ҳамлаи низомӣ ба Эрон хоҳ аз сӯи Амрико ва хоҳ аз сӯи Исроил бадтарин роҳи мавҷуда барои боздоштани ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эрон мебошад. Вай гуфт, чунин амал сабаби талафоти ҷонӣ дар Эрон ва сабаби оғози муноқиша дар минтақа мешавад ва бозорҳои нафти ҷаҳонро ба ҳам мезанад.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар қиболи Эрон дипломатияи таҳримҳои шадидро пеш гирифтааст ва дар сурати зарурат таҳдиди амалиёти низомӣ низ истисно нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG