Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози садҳо донишҷӯи афғон алайҳи ҳукми сарбоз


Садҳо донишҷӯ дар шарқи Афғонистон алайҳи ҳукми эъдоми сарбози муҷрим дар қатли 5 аскари Фаронса эътироз карданд. Донишҷӯён рӯзи душанбе роҳи Ҷалолободро бо талаби афви ин сарбози мавсум ба Абдулсабур бастанд. Додгоҳ Абдулсабурро дар қатли 5 фаронсавӣ дар пойгоҳи онҳо дар вилояти Каписо дар моҳи январ муҷрим шинохт. Ӯ нахустин афғон аст, ки бо ҷурми даст доштан дар «оташи дӯстона» , яъне қатли нирӯҳои эътилоф бо дасти нирӯҳои афғон, маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG