Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подоши Нигерия барои боздошти тундравон


Мақомоти Нигерия барои мусоидат ба боздошти раҳбарони як гурӯҳи ифротгарои исломӣ, ки садҳо нафарро ҳамин сол кушт, 1 миллиону 800 ҳазор доллар подош муқаррар кардаанд. Артиши Нигерия рӯзи ҷумъа бо нашри баёнияе гуфт, ки ҳар кас ки бо иттилоъи арзишманде дар боздошти Абубакр Шикау, раҳбари созмони Боко Ҳарам ва 18 шарики ӯ кӯмак кунад, аз 60 то 300 ҳазор доллар ҷоиза хоҳад гирифт. Ба гузориши хабаргузории Ассосиейтед Пресс, танҳо дар ҳамин сол 760 нафар ба дасти созмони Боко Ҳарам кушта шудаанд. Ин созмони тундрав масъулияти бомбгузорӣ дар масҷиду калисо ва мактабу идораҳои ҳукуматиро ба дӯш гирифтааст. Соли гузашта дар бомбгузории ин созмон дар қароргоҳи Созмони Милал дар шаҳри Абуҷа пойтахти Нигерия 24 нафар ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG