Ба хотири мушаххас кардани иллатҳои марги Ёсир Арафот, раҳбари пешини Фаластиниён рӯзи сешанбе ҷасади ӯро колбадшикофӣ хоҳанд кард. Тавфиқ Тиравӣ, як мақоми Ташкилоти Худгардони Фаластин, гуфт, ки гӯри Ёсир Арафотро рӯзи 27 ноябр боз мекунанд, то мутахассисони Швейтсария, Фаронса ва Русия барои таҳқиқ аз ҷасади ӯ намуна бигиранд. Ба гуфтаи Тавфиқ Тиравӣ, ки кумитаи махсуси таҳқиқи марги Арафотро раҳбарӣ мекунад, намунагирӣ чанд соат идома мекунад ва ҷасади ӯ дигарбора дар ҳамон рӯз ба гӯр гузошта хоҳад шуд. Ёсир Арафот, моҳи ноябри соли 2004 ба таври ногаҳонӣ бемор шуд ва даргузашт ва фаластиниён мегӯянд, ки ӯро Исроил заҳролуд кардааст. Аммо Исроил ин иддаъоро рад мекунад. Кашфи олудагиҳои як маводи радиоактиви кушанда дар либосҳои Ёсир Арафот дар аввали ҳамин сол сабаб шуд, то дигарбора иллатҳои марги ӯро таҳқиқ кунанд.