Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон дар Осиёи Марказӣ вазъи ҳуқуқро баҳс мекунад


 Кэтрин Эштон
Кэтрин Эштон
Раиси умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ӯҳдадор шудааст, ки ҳафтаи оянда ҳангоми зиёараташ аз Осиёи Марказӣ вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақаро баррасӣ кунад. Мулоқоти Эштон бо раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон доир шуда, дар он мавзӯъҳои мухталиф баҳс хоҳанд шуд. Рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Эштон гуфт, ки мехоҳад дар мулоқоташ бо раҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла вазъи ҳуқуқи башарро арзёбӣ кунад.
XS
SM
MD
LG