Оташбаси миёни Ҳамос ва Исроил ба иҷро даромада, зоҳиран риоя хоҳад шуд. Ин оташбасро дирӯз дар Қоҳира вазирони хориҷаи Мисру Амрико Муҳаммад Комил Амр ва Ҳилларӣ Клинтон эълон карданд. Клинтон аз ҷумла гуфт: “Ин як лаҳзаи ҳаллкунанда барои минтақа аст. Давлати нави Миср масъулият ва раҳбарии равандеро, ки муддатҳо ин кишварро меҳвари суботу сулҳи минтақа мекард, ба зимма мегирад.”
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ӯ машварати Амрикоро ҷиҳати додани шонс ба оташбаси Миср гирифт. Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак гуфт, кишвараш ба тамоми аҳдофи низомии худ расид. Раҳбари Ҳамос Холид Машъал гуфт, нирӯҳои ӯ ин оташбасро, ки Машъал шикасти тактикии Исроил таъбираш кард, муроот хоҳанд кард. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳарду ҷонибро ба иҷрои шурути созишнома хонд. Тайи 8 рӯзи низоъи Ғаза дастикам 150 фаластинӣ ва 5 исроилӣ ҷон бохтанд.