Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози додситонии Самара ба ҳукми Николаев


Додситонии вилояти Самараи Русия ба ҳукми ҳайъати мунсифаи додгоҳи вилоятӣ, ки рӯзи 7 ноябр Александр Николаеви муттаҳам ба қатли як тоҷик дар заминаи адовати қавмиро бегуноҳ баровард, расман эътироз кардааст. Тафтишот мегӯяд, Николаев, ки ақидаи волоияти қавми рус бар ақвоми дигарро пайравӣ мекунад, моҳи сентябри соли 2011 як тоҷики раҳгузарро дар кӯча аз ноҳияи сина ва тахтапушташ чанд зарбаи корд зад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон аз захмҳои дар ин ҳамла бардоштааш ҳалок шудааст.
XS
SM
MD
LG