Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ тарафдори оташбаси фаврӣ дар Ғазза аст


 Бан Кӣ Мун
Бан Кӣ Мун
Дар ҳоле, ки дар минтақаи Ғазза амалиёти нерӯҳои исроилӣ бар зидди ҷангҷӯёни Ҳамос идома дорад, дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун даъват кардааст, ки дар минтақа оташбаси фаврӣ ҷорӣ шавад. Рӯзи сешанбе аснои суханронӣ дар Қоҳира Бан гуфт оғози амалиёти заминии артиши Исроил дар Ғазза нишони “ташаннуҷи хатарнок”-и низоъ хоҳад буд. Ӯ афзуд:
Паёми ман возеҳ аст: Ҳамаи ҷонибҳо бояд фавран оташро қатъ кунанд, зеро идомаи ташаннуҷ тамоми минтақаро ба таҳдид рӯ ба рӯ мекунад.”
Рӯзи сешанбе Қасри Сафед эълон кард, ки президенти ИМА Барак Обама тасмим гирифтааст, котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтонро ба минтақа фиристад. Клинтон рӯзи чоршанбе дар Байтулмуқаддас бо сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу ва ва баъд бо раҳбарони Мисру фаластиниҳо гуфтугӯ хоҳад кард. Дар давоми ду рӯзи ахир низомиёни Исроил дар Ғазза тахминан 100 ҳадафро мавриди оташ қарор доданд. Ҷангҷӯёни фаластинӣ бошад, ба тарафи Исроил камаш 20 мушак партоб намудаанд. Дар тӯли шаш рӯзе, ки низоъ идома дорад, беш аз 100 фаластинӣ ва 3 исроилӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG