Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар нишасти ASEAN ширкат мекунад


Дидори Обама бо Сан Су Ҷӣ
Дидори Обама бо Сан Су Ҷӣ
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз дар Камбоҷа дар нишасти сарони кишварҳои ASEAN ширкат мекунад. Обама дирӯз нахустин раҳбари Амрико шуд, ки аз Бирма дидан кард.
Ӯ дар Рангун дар дидор бо раҳбари мухолифини Бирма Аунг Сан Су Ҷӣ аз гузариши ин кишвар ба демократия ситоиш кард. Сан Су Ҷӣ то замони раҳоияш дар соли 2010 қариб 15 солро дар ҳабси хонагӣ пушти сар кардааст. Дар арафаи сафари Обама мақомоти Бирма қариб 50 маҳбуси сиёсиро раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG