Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз дигаргуниҳои демократӣ дар Мянмар изҳори хушнудӣ намуд. Ӯ зимни ташриф аз ин кишвари осиёӣ гуфт, умедвор аст, ки сафараш ба Мянмар боз як гом дар роҳи ислоҳоти пешгирифтаи раҳбарони ин давлат шавад.
Обама бо раисиҷумҳури Мянмар Тейн Сейн ва раҳбари мухолифин Аун Сан Су Чжи мулоқот кард. Су Чжи беш аз даҳ сол таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт ва фақат баъд аз ислоҳоти демократӣ ва аз қудрат канор рафтани низомиён ба майдони рақобатҳои озоди сиёсӣ баргашт.
Ин нахустин сафари раисиҷумҳури Амрико ба Мянмар аст ва коршиносон онро “таърихӣ” мехонанд, зеро ҳамагӣ чанд сол пеш ин кишвар зери таҳримҳои шадиди амрикоӣ қарор дошт.
Барак Обама дар посух ба норозигии ҳомиёни ҳуқуқи башар аз сафараш ба Мянмар изҳор намуд, ки ӯ на ба хотири пуштибонии ҳукумати Мянмар, балки барои пуштибонии ислоҳоти демократӣ ба ин кишвар омадааст.