Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон барои таҷлил аз Иҷлосияи 16-ум ба Суғд рафт


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз, 18-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар тантанаҳои бахшида ба бистумин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ба вилояти Суғд рафтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, нахуст ҷаноби Раҳмон ба шаҳри Қайроққум рафта, дар маросими ифтитоҳи бинои нави осоишгоҳи "Баҳористон" иштирок кардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар саҳни ин осоишгоҳ раисиҷумҳур бо иштирокдорони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, аз ҷумла намояндагони мардумии Шӯрои олии даъвати солҳои 1990-1995 гуфтугӯ анҷом дода, "барои хизматҳои шоёнашон дар пешгирӣ аз ҷангу хунрезии солҳои 90-уми асри гузашта" сипсогузорӣ намудааст. Қарор аст, тантанаҳои бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ рӯзи душанбе, 19-уми ноябр, дар Қасри Арбоб, канораи шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Аз ин пеш, рӯзи 16-уми ноябр маҷлиси расмӣ бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи Хуҷанд дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG