Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди Барак Обама аз Осиёи Ҷанубӣ


Боздиди Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз се кишвари Осиёи Ҷанубӣ шурӯъ шуд, ки онро оғози чархиш дар сиёсати хориҷии Амрико дар қиболи Осиё ва Уқёнусия хондаанд. Барак Обама имрӯз вориди Бангкок, пойтахти Таиланд шуд ва дар онҷо бо Буҳимбол Адулядей, шоҳи Таиланд ва нахуствазир Янглук Шинаватра мулоқот кард. Рӯзи душанбе Барак Обама ба Бирма хоҳад рафт ва нахустин раиси ҷумҳури Амрико хоҳад шуд, ки ба ин кишвар сафар мекунад. Бирма пас аз худкомагии тулонӣ ба ислоҳоти демократӣ шурӯъ кард. Баъди боздид аз Камбоҷа дар рӯзи сешанбе ва ҳузури ӯ дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, сафари Барак Обама дар ин минтақа хотима меёбад, ки ки баъзе аз кишварҳои он аз бими қудрати афзояндаи Чин рӯ ба Амрико доранд, то тавозунро нигаҳ доранд.
XS
SM
MD
LG