Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди Обама аз се кишвари Осиёи Ҷанубӣ


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи шанбе нахустин сафарҳои хориҷӣ дар даври дуввуми раёсати ҷумҳуриашро аз се кишвари Осиёи Ҷанубӣ шурӯъ кард. Барак Обама, рӯзи якшанбе вориди Таиланд мешавад, то аҳамияти ҳампаймонии ин кишвар бо Амрикоро таъкид кунад. Ӯ бо Буҳимбол Адулйадей, шоҳи Таиланд мулоқот хоҳад кард. Аз ин ҷо Барак Обама ба Мянмар меравад, ки баъд аз солҳои тулонии худкомагӣ ба ислоҳоти демократӣ шурӯъ кард. Сафари раиси ҷумҳури Амрико дар Камбоҷа ва баъди ширкаташ дар ду нишасти сарони кишварҳои Осиёи Шарқӣ хотима меёбад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пайи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳое аст, ки аз бими афзоиши қудрати Чин рӯ ба Амрико доранд. Даъвоҳои Чин бар сари қаламравҳо дар Баҳри Чини Ҷанубӣ, барои роҳҳои байналмилалии тиҷоратӣ хатар эҷод кардааст.
XS
SM
MD
LG