Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқиша дар Навори Ғазза шиддат мегирад


Ситезаҷӯёни созмони Ҳамос имрӯз бо партоби даҳҳо мушак ба қаламрави Исроил се нафарро куштанд. Айни замон артиши Исроил, амалиёт дар Навори Ғаззаро тақвият бахшид, ки таҳти назорати созмони Ҳамос аст. Се исроилӣ баъди он ба ҳалокат расиданд, ки мушаке партобкардаи Ҳамос ба биное дар шаҳраки Кирёт Малахӣ дар 25 километрии шимоли Ғазза бархӯрд. Дар посух ба мушакандозиҳои Ҳамос, артиши Исроил рӯзи чаҳоршанбе дар Навори Ғазза амалиётеро бо номи “Аркони дифоъ” шурӯъ кард. Дар ҳамон рӯз нерӯҳои ҳавоиву заминӣ ва баҳрии Исроил Ғаззаро бомборон карданд ва 13 нафар, аз ҷумла Аҳмад ал-Ҷабборӣ, фармондеҳи низомии Ҳамосро куштанд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, кишвараш барои “васеътар кардани амалиёт” омода аст. Шӯрои Амнияти Созмони Милал шоми чаҳоршанбе муноқиша дар ин инҷоро баррасӣ кард ва аз тарафҳо хост, ба хушунат хотима диҳанд.
XS
SM
MD
LG