Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи 201-ум минаҳои кӯҳнаашро маҳв кард


Дафтари матбуоти Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар размоишгоҳи Лоҳур, 30 километрии шаҳри Душанбе амалиёти маҳв кардани минаҳо гузаронида шуд.

Дар он ҳудуди 300 минаи зиддипиёданизом бо роҳи оташсузӣ нобуд карда шудааст. Муҳлати сухтани ин минаҳо чаҳор рузро дар бар гирифтаст.

Дафтари матбуоти Пойгоҳи низомии Русия мегӯяд, ки инҳо аз шумори минаҳое буданд, ки муҳлати истифодаи онҳо гузашта буд. Ҳудуди 40 сол ин минаҳо дар дар анбори Пойгоҳ мехобиданд.

Ба хотири ҳифзи бехатарӣ ва эҳтиёт аз рух додани таркиш ҷараёни сухтани минаҳо таҳти назорати сардори Хадамоти муҳандисии Пойгоҳи низомӣ, Александр Шевчук қарор дошт.
XS
SM
MD
LG