Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонҳо: Бэйлз ҷинояти мудҳиш содир кардааст


Роберт Бэйлз (аз чап)
Роберт Бэйлз (аз чап)
Додситонҳои низомии амрикоӣ мегӯянд, сержант Роберт Бэйлз, ки дар куштори 16 сокини осоиштаи вилояти Қандаҳор, аз ҷумла, нӯҳ кӯдак, айбдор мешавад, бояд дар додгоҳи низомӣ муҳокима ва ҳукми эъдом маҳкум шавад. Онҳо баъд аз ошноӣ бо баёноти шоҳидони куштор дар чаҳорчӯби баррасии пешакӣ ба натиҷае расиданд, ки сарбоз ҷинояти мудҳиш содир кардааст.

Ҳафтаи гузашта шоҳидони ҳодиса, аз ҷумла, се навраси афғон, ки пайвандонашон аз дасти низомии амрикоӣ кушта шудаанд, дар бораи чӣ гуна вориди манзил шудану оташ кушодани Роберт Бэйлз ҳарф заданд.

Вакили дифои сержант Бэйлз изҳор намуд, ки барои дар ихтиёри додгоҳи низомӣ гузоштани парванда далели кофӣ мавҷуд нест.

Фоҷиа 11 марти соли равон рӯй дод. Бэйлз, ки ангезаи амалаш ҳанӯз маълум нест, баъд аз куштори 16 сокини ду деҳаи волусволии Панҷвайии Қандаҳор боздошт шуд ва ба ИМА интиқол ёфт
XS
SM
MD
LG