Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса мухолифини Сурияро ба расмият шинохт


 Президенти Фаронса Франсуа Олланд
Президенти Фаронса Франсуа Олланд
Рӯзи сешанбе аввалин кишвари ғарбӣ-Фаронса эътилофи мухолифини Сурияро ҳамчун намояндаи расмии мардуми Сурия эътироф кард.
Президенти Фаронса Франсуа Олланд гуфт, Фаронса Эътилофи миллии Сурияро ҳамчун ягона намояндаи мардуми Сурия ва ҳамчунон ба ҳайси ҳукумати ояндаи давраи гузариш ба давлати демократӣ эътироф мекунад. Рӯзи якшанбе баъди шӯриши 20-моҳа гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати президенти Сурия Башор ал-Асад мувофиқат карданд, ки эътилофи васее барои барканорсозии режими Асад ташкил диҳанд. Рӯзи сешанбе вазирони корҳои хориҷии мамолики араб ва Иттиҳодияи Аврупо ташкил эътилофи мухолифини Сурияро хуш пазироӣ намуданд, вале аз эътирофи расмии он худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG