Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон доир ба «Роғун» ҷаласаи хоса баргузор кард


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 13-уми ноябр, дар маъалаи нерӯгоҳи "Роғун" бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, ширкатҳои машваратӣ, сарвазири кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи машваратӣ доир намуд.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, дар ҷаласа натиҷаҳои вохӯрии ҳайати давлатҳои наздисоҳилии дарёи Омӯ, ки 6 ва 7-уми ноябри соли 2012 дар шаҳри Алмато баргузор гардида буд, муҳокима шуданд.

Президенти Тоҷикистон ҳисобот ва назари масъулини ҳукумат, Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои тадқиқкунанда ва коршиносони алоҳидаро дар мавриди тарҳи «Роғун» шунида, изҳор доштааст, ки дар асоси тадқиқоти байналмилалӣ ҳукумат дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба ин лоиҳаи муҳим хулосаи дахлдор мебарорад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаст, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани вохӯрии минбаъда дар мавриди Роғун, ки дар моҳи январи соли 2013 ба нақша гирифта шудааст, тамоми сохторҳои масъул бояд ҳамкориро вусъат бахшида, барои таҳия ва мувофиқаи ҳисоботҳои навбатии корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳа чораҳо андешанд

Дар маҷмӯъ президенти кишвар аз раванди омӯзиши имконоти иқтисодию техникӣ ва таъсири иҷтимоию экологии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун ва ҳамкориҳо дар ин самт изҳори қаноатмандӣ кардаст.
XS
SM
MD
LG