Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз ташкили эътилофи нави гурӯҳҳои мухолифони Сурия истиқбол кард. Вай зимни суханони худ дар мулоқоти Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷомеаи Араб дар Қоҳира қавл дод, ки Иттиҳодияи Аврупо аз эътилофи нав ҳимоят мекунад.
“Фоҷеаи Сурия фоҷеаест, ки на танҳо ба худи ин кишвар, балки ба тамоми минтақа асари манфӣ хоҳад гузошт. Мо бояд талошҳоямонро барои ҳимоят аз ҳамаи мардуми Сурия бештар кунем ва давом диҳем”.
Боздиди Эштон аз Қоҳира дар ҳоле анҷом мегирад, ки Ҷомеаи Араб ва Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ эътилофи миллии нируҳои инқилобии Сурияро ба унвони “намояндаи қонунӣ”-и Сурия ба расмият шинохт.
Ин эътилоф рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Қатар ташкил шуд ва аз он Амрикову Ҷомеаи Араб ҳимоят карданд.
Аммо вазорати корҳои хориҷаи Фаронса гуфтааст, ҳоло зуд аст, то кишвараш ин эътилофро ба расмият шиносад, зеро эътилоф бояд гурӯҳҳои мусаллаҳро зери контроли худ дарорад.