Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон оташи фаромарзии афғонҳоро маҳкум кард


Сокинони беҷошудаи яке аз деҳоти Ҷануби Вазиристон дар интизори кумаки башарӣ
Сокинони беҷошудаи яке аз деҳоти Ҷануби Вазиристон дар интизори кумаки башарӣ
Рӯзи душанбе Покистон нерӯҳои афғонро бо куштори чор фарди мулкӣ бар асари тирборони фаромарзӣ муттаҳам кард. Ба қавли мансабдорони покистонӣ афроди мулкӣ рӯзи якшанбе дар натиҷаи таркиши гулӯла дар назди яке аз хонаҳои деҳаи Нейзнарайи вилояти Ҷануби Вазиристон, воқеъ дар марз бо Афғонистон, кушта шуданд. Дабири вазорати корҳои хориҷии Покистон Ҷалил Аббос Ҷилонӣ дар сӯҳбат бо сафири Афғонистон дар Исломобод Муҳаммад Умари Довудзай ҳамлаи фаромарзиро маҳкум кардааст. Хабари ҳамла замоне нашр шуд, ки ҳайати ҳукумати Афғонистон аз Исломобод зиёрат намуда, имкони музокироти сулҳ бо Толибонро баҳс кард. Таърихан Покистон бо Толибон равобити қавӣ дошта, дар расидан ба сулҳ кишвари муҳим дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG