Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози тарҷумаи дубораи филмҳои туркӣ ба забони тоҷикӣ


Студияи «Ҳамсадо» мегӯяд, дубора тарҷумаи сериалҳои туркӣ ба забони тоҷикиро оғоз кардааст. Ин студия аз оғози моҳи ноябр то имрӯз 13 қисмати сериали «Ҳикмати зиндагӣ»-ро бо дубляжи забони тоҷикӣ ба бозор баровардааст. ҳар ҳафта рӯзи шанбе бахшҳои тозаи ин филм ба забони тоҷикӣ дар дӯконҳои фурӯши CD пешкаши харидорон мегардад.

Намояндагони студияи «Ҳамсадо» мегӯянд, сериалҳои туркӣ бо таҳрир, пас аз ҳазфи саҳнаҳои куштору шиканҷаву тирпарониҳо ва гаравгонгириву ошӯбҳо, терроризму тундгароӣ таҳия мешаванд. Студияи «Ҳамсадо» талош хоҳад кард, минбаъд филмҳои тарбиявии дорои саҳна ва сюжетҳои ахлоқиро тарҷума кунад. Дар моҳи майи соли равон мақомоти Тоҷикистон тарҷума ва нашри 5 сериали туркиро манъ карда буданд. Давлат Сафаров, мудири кулли «Тоҷиккино» гуфта буд, ки филмҳои «Ҳомиён», «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», «Хаёлҳои сабз» ва «Водии гургон» ба далели вуҷуди саҳнаҳои таблиғи зӯроварӣ ва ифротгароиву терроризм мамнӯъ шуданд.

Сериалҳои туркӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистон, ба хусус дар байни ҷавонон, хеле маъруф шуд ва ин бори аввал буд, ки дар Тоҷикистон ба бастани филмҳои туркӣ иқдом шуд. Чанд сериали туркӣ аз 1-уми феврали соли равон дар Узбакистон ҳам манъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG