Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай тоҷирони ҳиндиро ба Афғонистон даъват кард


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар идомаи боздидаш аз Ҳинд имрӯз дар шаҳри Деҳлӣ бо нахуствазири ин кишвар Маҳмонҳан Сингҳ мулоқот кард. Пеш аз ин дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе Ҳомиди Карзай дар дидор бо тоҷирону соҳибкорони Ҳинд аз онҳо даъват кард, барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба дар Афғонистон бештар сармоягузорӣ кунанд. Ҳинд яке аз бузургтарин кишварҳои кӯмакрасони Афғонистон ва то кунун барои сохтмони роҳу дигар иншоот ва аз ҷумла бинои порлумони Афғонистон, 2 миллиард доллар харҷ кардааст. Давлати Ҳинд, сармоягузорони кишварро ташвиқ кардааст, ки дар Афғонистон, ки нерӯи кору қимати молу коло арзон аст, сармоягузорӣ карда ва аз ин роҳ дар таҳкими субот дар Афғонистон мусоидат намоянд, ки нерӯҳои хориҷӣ то охири соли 2014 онро тарк хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG