Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА собиқадорони ҷангро табрик кард


Президенти ИМА Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама
Рӯзи якшанбе дар маросими ҷашни Рӯзи собиқадорон президенти ИМА Барак Обама иҳзор намуд, ки даҳсолаи дардноки ҷанг дар Ироқу Афғонистон ба охир мерасад.
Президент Обама дар қабристони миллии Арлингтони канори Вашингтон ба ёди низомиёне, ки ҳаёти худро дар хидмати низомӣ дареғ надоштаанд, гулчанбар гузошт. Президенти ИМА хотирнишон кард, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Ироқ ба поён расида, беруншавии сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон ҷараён дорад:
Ин аввалин ҷашни Рӯзи собиқадорон дар даҳ соли ахир аст, ки дар он сарбозони амрикоӣ дар ироқ ҷанг накардаву ҳаёти худро аз даст надодаанд. Феълан 33000 афсару сарбози мо аз Афғонистон баргаштаанду ин раванд идома идома дорад. Баъди даҳ соли ҷанг қаҳрамонони мо ба хона бармегарданд.”
Пешбинӣ мешавад, ки беруншавии сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон то охири соли 2014-ум такмил мешавад.
XS
SM
MD
LG