Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар раҳбарии артиши Русия тағирот ворид кард


Путин, Шойгу ва Герасимов
Путин, Шойгу ва Герасимов
Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия чанд нафар аз генералҳои боломақоми артишро барои ришвахорӣ дар вазорати дифои ин кишвар аз мақом барканор кард. Вай баъд аз анҷоми расидагӣ ба мавориди ришвахорӣ дар вазорат чунин тасмим гирифт.

Чан рӯз пеш Путин Анатолий Сердюков-вазири дифоъро низ аз мақом барканор кард ва ба ҷои вай Сергей Шойгу-муттаҳиди собиқадори худро ба ин мақом баргузид.

Путин генерал Николай Макаров-раиси ситоди умумии артишро барканор ва ба ҷои вай генерал Валерий Герасимовро таин кард ва хитоб ба вай гуфт:

“Шумо афсари соҳибтаҷриба ҳастед ва мо дар бораи мушкилиҳое, ки артиш ба он рӯ ба рӯст, баррасиҳо хоҳем дошт, дар бораи артиш, дар бораи нируҳои дарёӣ ва дар бораи нируҳои ҳавоӣ. Ҳоло яке аз вазифаҳои муҳими мо, албатта, нав кардани аслиҳаи артиш ва нируҳои дарёист”.

Герасимов, ки пештар дар шаҳраки марказии низомӣ кор мекард, ҳамзамон муовини аввали вазири дифоъ низ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG